13 Ноябр 2023 - 19:50
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон: Қатъномаи поёнии нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар Арабистон қавӣ ва муҳкам аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, пешниҳодоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қатъномаи поёнии нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар Арабистон дарҷ шуда ва лаҳну ибороти ин қатънома қавӣ ва муҳкам аст.

Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар посух ба саволе дар бораи қатъномаи мусавваби иҷлоси фавқулоддаи сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Риёз афзуд, пешниҳодоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тӯли музокира, ба унвони санад дар қатъномаи поёнӣ дарҷ шуда ва лаҳну ибороти ин қатънома қавӣ ва муҳкам аст.

Шанбе (11 ноябр) Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ мизбони нишасти фавқулоддаи сарони кишварҳои исломӣ ва арабӣ ба сӯрати муштарак барои баррасии авзоъи кунӯнӣ дар Ғазза ва Фаластин буд, ки дар поёни ин нишаст, баёнияе содир ва зимни маҳкӯмияти тадовуми ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди мардуми Фаластин дар Борикаи Ғазза, бар рафъи муҳосираи ин минтақа ва ирсоли кумакҳои инсондӯстонаи арабӣ, исломӣ ва байналмилалӣ таъкид шуд.


342/